(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зистҲамшаҳриёни азиз!
Кормандони ҳифзи муҳити зист!
Шуморо ба  муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Хуҷанд табрику муборакбод гуфта, ба Шумоён пирӯзиву бурдборӣ, зиндагии шоиставу пурнишотро таманно дорам.
Баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барои хушдор додани  ҷомеа аз муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам меоварад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат, хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра ба мушоҳида мерасад.
Боварӣ дорем, ки Шумо-кормандони ҳифзи муҳити зист фаъолияти хешро баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти беҳдошти муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ бо назардошти қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшед. Хуҷанди қадима, вале ҳамешаҷавони мо чун ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои табиати бою рангин мебошад.
Шоистаи қайд аст, ки солҳои охир дар миқёси шаҳру ҷумҳурӣ маъракаи гулшинонию ниҳолшинонӣ хеле вусъат гирифта, садҳо ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан сабзонда шуданд. Дар ин радиф, ҳамчунин ба сабзкории гулгашту хиёбонҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешавад. Ба тасвиб расидани қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» шаҳодати гуфтаҳои болост.
Ногуфта намонад, ки дар ҳамкорӣ ва дастгирии сокинон бо риояи оддитарин қоидаҳои санитарӣ метавонем шаҳрамонро аз ифлосшавӣ ҳифз намула, боз ҳам назаррабову дилработар созем. Чунон ки барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Тоҷикистон як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст. Аз ин рӯ, мо, шаҳрвандони ҷумҳуриро, зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро оқилонаву самаранок истифода карда, аз ифлосшавию харобӣ ва умуман ҳар гуна хатарҳои номатлуб ҳифз намоем.»
Боварӣ дорем, ки Шумо кормандони ҳифзи муҳити зист барои амалӣ намудани ин ҳадафи созанда саҳми назарраси худро мегузоред.
Изҳори умедворӣ мекунем, ки ба шарофати кордонию заҳматҳои шоистаи Шумоён, шаҳрамон шукуфону обод ва дилҳои мардум шод мегардад.
Дар иҷрои рисолати касбиатон ба Шумо-кормандони ҳифзи муҳити зист  барору комёбиҳо орзу менамоем!