(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд “Маликаи сол” муайян гардидБо мақсади эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспушӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебопарастии ҷавонон, дар Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд озмуни анъанавии «Маликаи сол-2017» бахшида ба соли 2017 “Соли ҷавонон” дар баргузор гардид.
Дар озмуни 6 нафар духтарон иштирок намуда аз рӯи 5 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мувофиқ низомномаи озмуни мазкур довталаби номи “Маликаи сол” бояд либоси миллӣ ва шиносоиро намоиш дода, тарзи роҳгардӣ, шинам будани либос, бо забони бурро, саҳеҳ шинос намудани худ, пешниҳоди либоси ҳаррӯза, оро додани мӯйи сар, намоиши либоси ҷашнӣ, хондани суруд, рақс кардан, қироати шеър ва намоиши либоси базмӣ – арӯсӣ гузаронида шуд. Дар озмун ҷавонондухтарон Урунова Ороста донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҷумаева Фарзона донишҷӯи коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Зоҳирова Мадина донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Ҳаитбобоева Мадина донишҷӯи Донищкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Дадоҷонова Ганҷина донишҷуи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Бобоҷонова Шоира донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд байни ҳам қувваозмоӣ намуда дар натиҷа Бобоҷонова Шоира донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳи Хуҷанд “Маликаи сол-2017” интихоб гардид.
Ғолибон бо диплом, лента ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.