(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯчаҳои маҳаллаи «Сайҳун» бо саҳми сокинон обод мешавадДар маҳаллаҳои шаҳрии Хуҷанд таъмири роҳҳо ва мумфаршкунӣ идома дорад. Аз оғози ҳафтаи равон кормандони Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Сайҳун»- кӯчаи ба номи Т. Эрйигитовро оғоз намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳангоми боздиди нақшавии ҳамарӯзаи худ аз рафти корҳои ободонию сабзкориҳои маркази вилоят аз анҷоми корҳои мумфаршкунию азнавсозии кӯчаи мазкур дидан намуд.
Ҳоло роҳсозони  шаҳр ба масоҳати  бештар аз ҳазор метрии квадратӣ асфалти гарм хобонда, нақша доранд то интиҳои рӯз кӯчаи мазкурро аз таъмири хушсифат бароранд.  Масофаи кӯчаи мазкур 200  метрро ташкил дода 6 метр паҳноӣ дорад. Кӯчаҳои маҳаллаи «Сайҳун» бо саҳми сокинон обод мешавад Барои анҷоми корҳои мумфаршкунӣ бештар аз 70 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид,ки мутансибан 30 % онро сокинони кӯча ҷамоварӣ намуда, барои ободии кӯчаи худ саҳм гузоштанд.
Ҳамин тариқ давоми ҳафтаи равон  таъмиру мумфаршкунии  пурраи  боз ду кӯчаи дигари маҳаллаи  «Сайҳун»    ба нақша гирифта шудааст.
Кӯчаҳои маҳаллаи «Сайҳун» бо саҳми сокинон обод мешавадҲоло сокинон дар якҷоягӣ бо роҳсозон тариқи ҳашар аҳлона маҳалли зисти худро тахту ҳамвор намуда, барои  мумфаршкунӣ дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, тангкӯчаи ба номи Р. Ҷалил то хиёбони ба номи Р. Ҳоҷиев омода менамоянд.
Масоҳати умумии корҳои таъмиру мумфаршкунӣ дар кӯчаҳои зикргардида бештар аз ду ҳазор метрии квадратиро ташкил медиҳад.