(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд  соҳиби иншооти варзишӣ шудДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба муносибати эълон гаштани “Соли 2017 - соли чавонон” ва 85 солагии ба фаъолият оғоз намудани ин муассисаи таълимӣ, майдонча  ва толори варзишӣ бо бештар аз 200 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар чорабинии тантавнавии ба ин  муносибат баргузор гашта, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуданд. Майдончаи варзишӣ, ки масоҳати он 980 метри квадратиро ташкил медиҳад, давоми се моҳ сохта шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд  дар назди ҳозирон баромад намуда, бо бунёди як иншооти  варзишии  муосир омӯзгорону муҳассилинро самимона табрик намуд. Маъруф Муҳаммадзода изҳори боварӣ намуд, ки дар ин соли таърихӣ ҷавонону донишҷӯёни колеҷи тиббӣ барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди варзишии ин таълимгоҳи касбӣ саҳм мегузоранд. Дар ҷамъомади тантанавӣ ба донишҷуёни фаъоли ин коллеҷ Раиси шахри Хуҷанд тӯҳфаи хотиравӣ ва пулӣ тақдим намуд.