(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди кории Раиси шаҳри Хуҷанд аз муассисаҳои тиббии навтаъмиргаштаМоҳи равон мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маркази Ёри таъҷилии тиббӣ ва Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи маркази вилоят корҳои таъмиру азнавсозӣ ба анҷом расид. Раиси шахри Хучанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади шиносоӣ аз шароити корӣ ва сифати корҳои ба анҷомрасондашуда аз ин ду муассисаи тиббии шаҳр- маркази Ёрии таъҷилии тиббӣ  ва Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда боздиди корӣ намуд.
Баъди ҷойгир шудани маркази Ёрии  таъҷилии тиббӣ дар Беморхонаи шаҳрии № 2 зарурати мутобиқ намудани шароити кории табибону кормандони марказ дар макони нав ба миён омада буд. Бо ин мақсад аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри  Хуҷанд бештар аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, соли сипаригашта корҳои сохтмонӣ оғоз гардида буд. Ҳоло иншооти навбунёд дорои 10 ҳуҷраи корӣ аз ҷумла ҳуҷраи муоинаи беморон, утоқи ронандагон, танзимгар ҳуҷраҳои дигари корӣ аст. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздиди кории худ  бо табибони марказ сӯҳбат намуда, таъкид намуд, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ нигаронда шуда, барои ҳифзи саломатии сокинон тадбирҳои  мушаххас андешида мешавад. Барои таҳкими чунин сиёсати ғамхорона мақомоти маҳаллӣ ва албатта табибон бояд пайваста барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ саю кӯшиш намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон бобати сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини саривақтии доруворӣ таваҷҷӯҳ намуда, иброз намуд, ки дар самти боз ҳам беҳтар намудани шароити кории маркази Ёрии таҷилии тиббӣ маблағгузорӣ идома  дода мешавад.
Табибони Беморхонаи касалихои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд низ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро бо хушҳолӣ пазироӣ намуданд. Бо маблағи бештар аз 430 ҳазор сомонӣ шӯъбаҳои эҳё, қабул ва ташхисгоҳ ва намуди берунаи ин шӯъбаҳои беморхона аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар баробари ин ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ дастгоҳи  ташхисии ултрасадо  ва 210 кати нави беморӣ харидорӣ гардид. Лозим ба ёдоварист, ки давоми бештар 10 сол инҷониб шӯъбаҳои мазкур таъмир нагашта, ҷиҳози ҳуҷраҳои кории табибон фарсуда гашта буд.
Сардухтури Беморхонаи мазкур Баҳодур Мӯъминов ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, ки баробари таъмири босифат дар як вақт ҳуҷраҳои қабули беморон дар шӯъбаҳои номбурда ба талаботи имрӯзаи тиббӣ мувофиқ гардонда шуд.
Беморхонаи мазкур дорои 8 шӯъба буда, барои қабулу муолиҷаи 270 нафар бемор дар як вақт пешбинӣ гаштааст.