(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Веламарафон» дар шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд чорабинии омммавии веласипедронҳо,- «Велемарафон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ беештар 500 нафар дустрони ин намуди варзиш, ки синну соли мухталиф доштанд, ширкат доштанд.
Дар оғози чорабинӣ, ки дар майдони маҷмаи фаввораҳои муҷассамаи И. Сомонӣ баргузор гашт, сардори Раёсат ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода, мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов ва мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Илҳом Султонӣ тамоми ширкаткунандагони ин аксияи варзиширо бо Рӯзи ҷавонон табрик намуданд. Веласипедронҳо дар мавзеи интиҳои сайрхат- дар пояи муҷассамаи Абуабдулло Рӯдакӣ сарҷамъ гардида, барои онҳо аз ҷониби баргузоркунандагони ин чорабинӣ барномаи фарҳангӣ фароғатӣ ташкил карда шуд.