(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонон табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад: «Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, низ дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Таҷлили моҳонаи ҷавонӣ имконият фароҳам меоварад, ки дар давоми ин моҳ ҷавонон аз муҳимтарин барномаҳои ҷолиби сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бархурдор гардида, бори дигар таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонон эҳсос намоянд.
Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрӯз дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун неруи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Боварии комил дорем, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандӯсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд.
Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон орзуманди онем, ки ҳамеша толеи нек, бахти баланд ва хушиву хубиҳои ҷавонӣ ороишгари саҳифаҳои   рӯзгоратон бошад.
Идатон муборак, ҷавонони сарбаланд!

 Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Маъруф Муҳаммадзода