(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Ҷавонону наврасони намунавӣ соҳиби стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд гаштандСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 100 нафар муҳассилини макотиби миёна, миёнаи махсус олӣ ва варзишгароне,ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд стипендия Раиси шаҳрро супорид.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд гирандагони стипендияи Раиси шаҳрро бо ин дастовардашон самимона табрик намуда, таъкид намуд, ки маҳз сиёсати ояндабинони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои  рушду ташаккули ҷавонону наврасон дар тамоми самт соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баъдан дар лаҳзаи тантанавӣ  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҷавонону наврасони дар озмуни стипендияи Раиси шаҳр ғолиб омада, Шаҳодатнома ва корти бонкиро бо маблағи ҳазор сомонӣ супорид. Лозим ба ёдоварист,ки стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд соли 1997 таъсис ёфта, аз рӯи анъана маросими супоридани он дар таҷлили рӯзҳои ҷавонон моҳи май супорида мешавад.
Соли равон барои соҳиб гаштан ин мукофоти ҳавасманнамоӣ довталабон дар ду марҳила дар озмуни дохили муаасисаи таълимӣ ва варзишӣ баъдан озмуни шаҳрӣ ширкат намуданд.
Бахшида ба эълон гаштани соли 2017 чун Соли ҷавонон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд шумораи гирандагони стипендияи Раиси шаҳр аз 60 нафари солҳои қаблӣ ба 100 нафар муқаррар гашта, маблағи он низ аз 900 сомонӣ ба ҳазор сомонӣ зиёд карда шуд. Ҳамчунин бо ташаббуси  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бори нахуст 20 нафар варзишгарон низ  барои дастовардҳои варзишӣ дар мусобиқаҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр шарафёб гаштанд.