(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аксияи «Биёед, китоб мехонем!» баргузор гаштДар аксар кишварҳои пешрафтаи олам ниҳоду мақомоти масъул ба китобу китобхона ва китобхонии аҳолӣ диққати махсус медиҳанд. Зеро насли солиму доно маҳз дар заминаи мустаҳками иқтисодӣ ва маънавӣ тарбия ёфта, шахсияти худро ба камолот мерасонанд. Хушбахтона, дар кишвари рӯбатараққии мо низ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ на фақат ба китобу китобхона ва китобхонии аҳолӣ, балки ғамхории бевосита ба қишри ҷавони ҷомеа низ зоҳир мешавад.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавон» ва санаи 17 майи соли ҷорӣ Рӯзи китобхонаҳо таҳти унвони «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан» ва дар ин замина Аксияи ҷавонон таҳти унвони "Биёед китоб мехонем" дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз соати 08:00 оғоз гардид. Аксияи «Биёед, китоб мехонем!» баргузор гаштАз рӯи нақшаи сафарбарнамоӣ соати 830 хонандагону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд бо устодону роҳбарони худ ба китобхона ҳузур оварданд. Дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироку суханронии директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Б., мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Оламоро» Раҷабзода Н., мушовири китобдорони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Набиева З. чоарбинии оммавии мазкур ифтитоҳ ёфта, ҳамчунин озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон», ки дар ду давр  бо иштироки хонандагони 38 муассисаи таълимӣ доир гашта буд, натиҷагирӣ шуд. Аз рӯи натиҷагириҳои ҳакамони озмун Ҳошимова Меҳринисо (хонандаи синфи 8-и литсейи №1), Зарипова Мадина (хонандаи синфи 10-и гимназияи №24), Зарипова Манижа (хонандаи синфи 7-и мактаби хусусии «Файз»),  Раҷабова Гулсара (хонандаи синфи 10-и МТМУ №16), Каримова Меҳрангез (хонандаи синфи 8-и ЛДП), Шораҷабов Некрӯз (хонандаи синфи 9-и гимназияи №1), Шарифова Фирӯза (хонандаи синфи 8-и МТМУ №10), Маҳмудов  Муталлиб (хонандаи синфи 11-и МТМУ №27), Иброҳимзода Маҳастӣ (хонандаи синфи 7-и мактаби «Ирфон») ҳамчун аз беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои намоён шуда, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин Раупов Ҷаҳонгир (хонандаи синфи 8-и МТМУ №3), Саиднабиева Маҳинахон (хонандаи синфи 9-и МТМУ №11), Самарова Нигорахон (хонандаи синфи 8-и МТМУ №19), Ашӯрова Дилноза (хонандаи синфи 9-и мактаби «Паймони азизон») низбарои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо диплом ҳавасманд карда шуданд.
Сипас, ғолибони озмун, ҳамсинфону шарикдарсони онҳо аз намоиши кушоди китобӣ-матбуотии дар саҳни ошёнаи якуми Китобхонаи вилоятӣ ташкилгардида, слайдҳои ҷолиб баҳравар гардиданд. Онҳоро ҳангоми боздид аз шуъбаҳои Китобхонаи вилоятӣ китобдорон Ҳамробоева М., ва Ҳошимова М. роҳнамоӣ карда, бо асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷии мавҷуд дар махзани шуъбаҳо ошно карданд.
Аз соати 1000 донишҷӯёну омӯзгорони факултаҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва аз 1100 донишҷӯёну устодони ДДҲБСТ ба китобхона омада, бо китобҳои марвиди намоиш ошно шуда, ҳамзамон байни якдигар дар мавзӯи аҳамияти мутолиаи асарҳои бадеӣ ва илмӣ мубоҳиса намуданд.
Баъд аз нисфирӯз гурӯҳи донишҷӯён аз Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникаии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд ба навбат аз намоиши кушоди китобӣ-матбуотӣ, слайдҳои ҷолиб баҳраманд шудаанд.
Баргузории ин чорабинии оммавӣ дар соли таърихии ҷавонон нишон медихад, ки ҷалби онҳо ба китобхонӣ ва китобхона дар шароити имрӯзии вазъи сайёра аз муҳимтарин тадбирҳост, ки ба таври шоиста амалӣ гардида истодааст.
Бояд тазакур намуд, ки дар намоиши китобҳо ва асарҳо зиёда аз 2000 китобу маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ҳавасмандгардонии насли ҷавон ба китобхонӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқи ҳамида ҷавонон, беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Аксияи мазкур давоми рӯз баргузо гардида, то ин дам аз китобхона зиёда аз 2000 нафар ҷавонон дидан намуданд.