(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳунармандони касбӣ меҳмони ДПДТТХДар доираи таҷлили рӯзҳои ҷавонӣ ва бахшида ба Соли ҷавонон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чанд рӯз аст, ки ҳунармандони театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт меҳмони вилояти мо ҳастанд.
Рӯзи гузашта ҳунармандони варзидаи ин театр бо намоишномаи «Қиссаи ғамгину рангин» аз рӯи асари Арбоби Шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов  меҳмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шуданд.
Ровии мумтоз Ортиқи Қодир барандаи маҳфил устодон ва донишҷӯёнро бо ҷашни рӯзҳои ҷавонӣ табрик гуфта, қайд кард, ки на ҳар вақт фурсат даст медиҳад, то Шумоён бо ҳунармандони варзидаи театру кино амсоли Исо Абдурашидов, Мастура Ортиқова, Аъзам Розиқов, Салоҳиддин Шукуров, Маҳина Саодатхонова аз наздик ошноӣ пайдо намоед. Ва ин фурсат даррасид. Сипас намоишнома, ки аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев таҳия шудааст, пешкаши тамошобинон гардид.
Намоишномаи мазкур аз рӯзгори як оила, ки ба ҳамдигар меҳру садоқати беандоза доранду ба ҷомеаи пур аз макру хиял ва фисқу фасод мубориза мебаранд нақл мекунад. Бояд гуфт, ки намоишнома аз ҷониби устодон ва донишҷӯён хуш пазируфта шуд ва зимни мулоқоти озод онҳо хоҳиш карданд, ки минбаъд низ меҳмони донишкада гарданд.
Аз ҷониби худ ҳунармандон ба завқи баланди донишҷӯён аҳсант гуфта, миннатдории хешро ба роҳбарияти донишкада расониданд. 

Абдусабури Абдуваҳҳобов,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд