(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Толибилмон бо ҳаёти сарбозӣ ошно гардиданд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3 майи соли 2017, №244 «Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат»», санаи 12 майи соли равон дар қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва боло бурдани сатҳи омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ доир гашта, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умуми макотиби шаҳр иштирок намуданд. Дар маросими кушодашавии чорабини мазкур мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳоии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва Командири қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Умарзода Н.Э. суханронӣ намуданд Дар маросими кушодашавии аз ҷониби масъулини баталёни 2-юми фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбӣ машқҳои тан ба тан ва аз ҷониби масъулини баталиёни 3-юми патрулӣ пайраҳадории қисми ҳарбӣ машқҳо бо сипар намоиш дода шуд. Хонандагон  аз ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ шинос  шуда, аз ҷониби бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба сарбозону афсарон лавозимоти гигиенӣ ва сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим када шуд.