(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба дастхобонӣ баргузор гардидТибқи нақшаи чорабинии бахши ҷавонон варзиш, ва сайёҳӣ якчоя бо бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз санаи 10 то 11 майи соли равон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба дастхобонӣ байни ҷавонписарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мақсади чорабинии  мазкур тарғиби мусобиқаи дастхобонӣ байни донишҷӯён, тарзи ҳаёти солим ва пайдо намудани варзишгарони болаёқат ба дастаи мунтахаби донишгоҳҳо буда, он дар доираи Фестивал – озмуни шаҳрии «Хурӯши ҷавонӣ» бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» ва 20 – солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 64 нафар ҷавонписарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Мувофиқи натиҷаи ҳолҳои ба даст омада, ҷои якум Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ҷои сеюм Донишгоҳои давлатии Хуҷанд ба номи академии Б.Ғафуров ғолиб гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукот бо ҷом, медал ва диплом қадрдони карда шуданд.