(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хуҷанд «Гулдухтари суғдӣ»-и худро муайян намудДар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тарабхонаи «Суғдиён»- маркази вилоят фестивал озмуни шаҳрии «Гулдухтари суғдӣ» баргузор гардид. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тамоми иштирокдорони ин озмуни ҳунару зебоиро бо Рӯзи оила самимона табрик гуфта ба иштирокдорони ин озмун барору комёбӣ хостанд. Иштикдорони фестивал озмун аз 7 нафар иборат буда онҳо барои ҳозирон ва ҳайати ҳакамон аз рӯи панҷ шарт,- муаррифӣ ба воситаи намоиш додани саҳнача ё ҳунар; саволу ҷавоб (баромадан аз ҳолати ногувор ва санҷиши дониши сиёсӣ), омода намудани на кам аз 5 намуди хӯроки қадимаи миллӣ, хуриш, ширинӣ, ороиши дастурхон, муаррифии он ва буридани угро дар мӯҳлати муқарраршуда, намоиши  маҳорати сурудхонӣ, рақс кардан ё навохтан ва намоиши либоси расмӣ ё идона ҳунари истеъдод ва дониши худро нишон доданд. Мақсад аз баргузории фестивал озмунро масъулин дар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, эътибори махсус зоҳир намудан ба тарзи муошират, нақши онҳо дар сулҳҷӯйи аҳли хонадон, муносибати байниҳамдигарӣ дар ҳолатҳои гуногун, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби рӯзғордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ арзёбӣ намуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти озмун мукофоти асосӣ- “Шоҳҷоиза”-ро  корманди боғчаи № 31 шаҳр Таҳмина Абдувалиева соҳиб гашт. Ҳамчунин аз рӯи маҳоратҳои намоишдодашуда ҷойизаҳои «Бонуи ҳусн» ба Мадинаи Маъруфӣ аз гимназияи № 4, «Бонуи ҳунар» ба Зебо Ҳошимова аз ДПДДТТ ба номи М.Осимӣ; «Бонуи ҳамадон» ба Гулсара Раҷабова аз МТМУ №16, «Бонуи моҳир» ба Рухшона Латипова аз таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, «Кабдону» ба Наргис Масаидова аз гимназияи «Гулчини маърифат» ва «Бонуи меҳр» ба Бойбобоева Марҳабо аз боғчаи №15 сазовор дониста шуд.
Иштирокчиёнро бо ғолибият муовини Раиси  вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муборакбод намуда, онҳоро бо «Сипоснома» ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷандро бо тантана супориданд.