(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба рӯзи ОилаҲамшаҳриёни азиз!
Рӯзи байналхалқии оиларо барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, хоҳони рӯзгори ободу осуда ва устувории бинои оила ҳастем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Пешвои миллат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои мустаҳкамии оила кӯшиш намуда, онро ҳамчун масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоянд.
Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намоем.
Конститутсияи кишвар таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдакро кафолат додааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарщибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандонро талаб мекунад.
Бигзор, Соли ҷавонон ва Рӯзи байналхалқии оила ба солимии оилаҳо, рушду нумӯъ, таҳкиму пойдории оила мусоидат намояду давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт бошанд!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                               Маъруф Муҳаммадзода