(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фестивал – озмуни шаҳрии «Хурӯши ҷавонӣ» идома дорадТибқи нақшаи чорабинии бахши ҷавонон варзиш, ва сайёҳӣ якчоя бо бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду инкишофи бозии футболи хурд байни донишҷӯён, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пайдо намудани варзишгарони болаёқат ба дастаи мунтахаби донишгоҳҳо, аз санаи 2 то санаи 10 майи соли равон дар майдончаи  сунъии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футболи хурд байни донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд дар доираи Фестивал – озмуни шаҳрии «Хурӯши ҷавонӣ» бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» ва 20 – солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 6 даста аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи амкадемик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Рӯзи гузашта дар дар майдончаи сунъии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалӣ баргузор гардида ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ муайян гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи ниҳоӣ ҷойи якум ва ҷоми ғолибиятро дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соҳиб гашт. Дар ҷойи дуюм дастаи Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи амкадемик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва дар  ҷойи сеюм дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қарор гирифтанд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи мазкур Мирхолиқов Ҷаҳонгир «Дарвозабони беҳтарин» аз Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи амкадемик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Ҳомидов Амир «Муҳофизатгари беҳтарин» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Бобоев Шерзод «Ниммуҳофизатгари беҳтарин» аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Қурбонов Файзиддин «Ҳамлагари беҳтарин» аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сазовор гардиданд ва бо ифтихорнома қадрдони карда шуданд.
Мукофотҳои таъсиснамударо мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов ва мудири бахши фарҳанг Бахтиёр Қосимов супориданд.