(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни “Ҳунар пояи зар” бахшида ба Соли ҷавононДар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар АРТ-галереяи “Сомониён” намоиши ҳунарҳои ҷавонон таҳти унвони “Ҳунар пояи зар” ва ҷамбасти озмуни рассомони наврасу ҷавон таҳти унвони "Тоҷикистон дар тасвирҳо" ташкил ва гузаронида шуд.
Дар озмун 50 нафар эҷодкорони ҷавону наврас иштирок намуда, зиёда аз 100 асарҳои худро дар мавзӯҳои мухталия пешкаш намуданд.
Дар натиҷа Шаҳром Ҳайдаров, бо асари эҷоданамуди  худ дар васфи Тоҷикистон сазовори ҷойи  аввал гардид. Ҷойи дуюмро Шарипова Мутрибахон ва ҷоии сеюмро Маҳмудов Саидлуқмон соҳиб гардиданд.
Ғолибон бо Ифтихорномаи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Озмуни “Ҳунар пояи зар” бахшида ба Соли ҷавононҲамчунин чорабинии мазкур ба интиҳои соли хониши мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд бахшида шуда буд. Дар толор маҳсули меҳнату эҷоди тарбиятгирандагони ин мактаб гузошта шуда, барои ҳозирон аз таърихи фаъолияти ин муассисаи таълимию ҳунарӣ гузориши видеоӣ намоиш дода шуд.
Дар лаҳзаи тантанавӣ ба 24 нафар хатмкунандагон шаҳодатномаи хатм супорида шуд, ки аз он 6 нафар хонандагони фаъоли ин мактаб соҳиби шаҳодатномаи аъло гардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд бештар аз 60 нафар хонандагон ба 6 шӯъбаи ҳунарию эҷодӣ фаро гирифта шуда, солҳои охир ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ-тарроҳӣ, расмкашӣ ва жанрҳои муосири рассомӣ бештар эътибор дода мешавад. Намоиши асарҳои эҷодкорони наврасро давоми як моҳ дар намоишгоҳи АРТ-галереяи “Сомониён” тамошо кардан мумкин аст.