(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Толибилмони литсей Тоҷикистонро муаррифӣ менамояндБо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз аҳли маориф дастур ва роҳнамоиҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҷаҳду талошҳои созанда менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба соҳаи сарнавиштсози ҷомеа Сарвари кишвар таъкид кардаанд: “Зиндагии оянда аз насли наврас саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро қатъӣ талаб мекунад”. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро аҳли ҷомеаи Муассисаи таълимии давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар  шаҳри Хуҷанд сармашқи кори хеш қарор дода, толибилмони боистеъдоди муассиса бо иштироки фаъолонаи хеш дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастоварди арзанда ноил гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки чанде пештар баргузор гардид, хонандаи синфи 11 Шодона Боқиева аз фанни таърих сазовори ҷойи I, Зафар Якубов аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи III ва Фарангисбону Алиева аз фанни забони англисӣ соҳиби “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ҳамчунин 10 нафар хонандагони синфҳои 8 ва 10-уми литсей дар Олимпиадаи байналмилалии “INFOMATRIХ”, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон байни 11 давлати дунё баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, парчами пирӯзиро баланд бардоштан. Дар ин озмун хонандагони синфи 10-ум Пӯлод ӯрунов, Фаррух Норматов, Исматуллохон Ѓиёсов, Насриддин Фахриддинзода ва хонандаи синфи 8-ум Юсуфҷон Ахмедов сазовори ҷойи II гардиданд.
Дар шаҳри Пинанги Малайзия Олимпиадаи байналмилалӣ бо номи “MIYIO” аз фанҳои химия, физика, биология ва математика баргузор гардид. Хонандаи синфи 11 Сомон Султонов, хонандагони синфи 10 Муродов Баҳром, Расулов Абдукамол ва Ҳидоятов Муҳаммадзоҳир сазовори ҷойи ІІ ва хонандагони синфи 9 Набиев Усмонҷон, Асроров Эҳромҷон, Ахмедов Акмалҷон, Рофиев Мирзоамир ва Хайруллоев Абдулло ҷойи ІІІ-ро ба даст оварданд.
Дар кишвари Руминия бошад, аз фанни технологияи иттилоотӣ бо ном “INFOMATRIХ” Олимпиада баргузор гардид. Дар шаҳри Бухарест дар қатори толибилмони зиёди кишварҳои ҷаҳон 2 нафар хонандагони литсей Заробиддинзода Мавзуна ва Бобоҷонова Фарзона бо роҳбарии омӯзгор Пирмаева Дилрабо иштирок намуда, сазовори ҷойи ІІІ ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар Олипиадаи байналмилалии фосилавии “АМС”-и Амрико аз фанни математика хонандагони литсей иштирок намуда, сазовори 33 “Ифтихорнома”-и давлати Амрико шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ аз фанни математика бо ном “Кенгуру”-и давлати Франсия, ки дар он 435 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ширкат доштанд, дар МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар  шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.    Хонандагони синфҳои 7-9-уми  литсей Зарипов Ҳушанг соҳиби ҷойи І ва Абдуллозода Анвар, Ҳакимов Насим, Сайдуллоев Ҷамол сазовори ҷойи ІІ, хонандагон Юнусов Абӯбакр, Тоҷибоев Абдухолиқ, Раупов Махкамҷон, Хушнуд Ақдодов ва Яҳёев Абдуҳамид сазовори ҷойи ІІІ гардиданд.
Албатта, дастоварди толибилмони Литсейи хонандагони болаёқат, ки замоне бо номи Литсейи муштараки тоҷикию туркӣ машҳур буд, хеле назаррас мебошад. Танҳо то моҳи майи соли таҳсили соли 2016-2017 дастпарварони литсей дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ду медал: як тилло, як биринҷӣ, дар озмуни байналмиллалӣ сазоври 29 медал гардиданд. Ҳамзамон шогирдони литсей дар озмунҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҷмӯъ 3 медали тилло, 13 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дастоварди толибилмони литсей дар озмунҳои байналмилалӣ аз фаъолияти пурҷабҳа ва пурсамари коллективи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ гувоҳӣ медиҳад. Метавон саҳми босазои сарвари муассиса Тоҳир Рӯзибоев, ҷонишинони директор Нодирхон Қурбонов, М. Камолова, ҷонишини директор оид ба баргузории олимпиадаҳо Ҳикматулло Саидзодаро зикр намуд, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва иштироки толибилмон дар олимпиадаҳои гуногун саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
“Ҳамаи мо хуб медонем, ки соли 2017 дар қаламрави кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Аҳли ҷомеаи литсейи мо бо дили софу нияти пок ба таълиму тарбияи насли наврас машѓуланд ва мо ифтихор менамоем, ки шогирдонамон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаълона ширкат варзида, муаррифгар ва номбардори Тоҷикистони азиз гардиданд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба вазири муҳтарам Нуриддин Саид барои дастгирӣ, мусоидат ва таъмини ширкати толибилмонамон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ самимона арзи сипос менамоям.” –мегӯяд директори муассиса Тоҳир Рӯзибоев.