(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Иди Ғалаба дар шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз дар майдони ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд тантанаи 72-юмин солгарди Ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ муқобили фашизми гитлерӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони вилоят иштьирок намуданд.
Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг ба мавзеи таҷлили ид Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовинони Раиси вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозир шуда дар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. Таҷлили Иди Ғалаба дар шаҳри ХуҷандҲамчунин Раиси вилояти Суғд собиқадорони ҷангро ки дар ин  чорабинӣ ширкат доштанд бо Рӯзи Ғалаба табрик намуданд.
Дар тарабхонаи «Суғдиён» барои иштирокдорони ин тантана дастурхони идона ороста шуда барномаи фарҳангӣ тақдим гардид.