(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!Тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ҳафтаи "Поси хотир" таҳти унвони "Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!" дар маркази вилоят идома дорад.
Субҳи имрӯз кормандони бахш, гирандагони стипендияи Президентӣ ва волонтёрони назди бахш иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд. Ҷавонон ба манзили ҳамаи 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд истиқомат доранд, рафта табрикоти тамоми ҷавонони шаҳрро ба онҳо расонданд.