(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотпулӣ тақдим гардидИмрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шаш нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Дар оғоз сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир Авғон аз номи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангро бо Иди Ғалаба самимона табрик гуфта, се ҳазор сомонӣ  мукофотпулиро ба онҳо супорид. Сардори Раёсати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Зайнура Шарифзода ҳамчунин  табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  расонда ба ҳар кадоми онҳо 1500 сомонӣ супорид. Ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотпулӣ тақдим гардид Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар навбати худ собиқадорони ҷангро бо ин иди фархундаи таърихӣ саммона табрик намуда маблағи мукофотиро ба ҳаҷми 1200 сомонӣ супорид.
Баъдан ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳи Раиси шаҳри Хуҷанд барои аёдати панҷ нафари дигари иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба манзили онҳо рафта ба ҳар кадоми мукофотпулӣ ва кӯмаки яквақтаи моддиро расонданд.
Лозим ба ёдоврист,ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.