(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамшаҳриёни азиз!
Мӯҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!
Фарорасии иди барои тамоми инсонияти тараққихоҳи дунё азизу мӯътабар ва фархунда – 72-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои ҳар яки Шумо муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Ҳафтоду ду сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид.
Бояд гуфт, ки ин ҷанги даҳшатнок таъсири худро ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гузошт. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба ҷабҳаи набардҳои хунин рафтанд ва дар ин роҳ корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Қисми зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Ҳарчанд ки майдони ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳамаи гӯшаву канори он ва ҳар як хонавода мушоҳида ва эҳсос мегардид.
Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ва дар ақибгоҳ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид.
Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар арсаи олам мақому манзалати хоса пайдо кардааст, сиёсати сулҳпарваронаи худро ҳамеша эълон медорад. Ҷонибдории сулҳи минтақа ва кулли курраи арз ҳамчун садои дили мардуми сулҳдӯсту инсонпарвари тоҷик дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди умумиҷаҳонӣ бозгӯи рисолати азалии сулҳдӯстию инсонпарварии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.
Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар дар олами ҳастӣ чашм во мекунанд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд ва онҳое, ки бо мурури замон, бо ҳукми тақдир ҳаётро падруд гуфтаанду  барои асрҳои дигару наслҳои минбаъда аҳамияти худро кам нахоҳад кард. Ҷоннисории  падару бобоёни мо хушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих аст.
Бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори обод, сулҳу осоиш ва файзу баракат орзумандам.
Ҷашни ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                       Маъруф Муҳаммадзода