(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳама ба дифои ватан, ҳама ба дифои модарБа ифтихори 72-умин солгарди ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯзҳо дар сар то сари  кишварамон чорабиниҳои гуногун доир шуда истодааст.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарону бобоёнамон, қадрдонии заҳмати  дар ақибгоҳбудагон  ҳар сол бо иштирокчиёни ин набард дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрӣ доир мегардад.
Чунончӣ, Мирзоалиев Сотимбойи 92-сола, ки иштирокчии фронти 2-юми Украина буданд, меҳмони устодону донишҷӯёни донишкада гардиданд.
Муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки 9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, некӣ ба бадӣ ва дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои озодихоҳ ва сулҳпарвару мутараққии ҷаҳон ҳар сол иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузрги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашистӣ бо тантана ва шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Сипас Мирзоалиев Сотимбой саҳифаи хотироти даврони ҷавонии худро, ки ба ҷанги мудҳиш рост омада буд, варақгардон намуда, қайд кард, ки ҳангоми ба ҷанг рафтан ҳамагӣ ҷавони 20- сола буд. Ӯ соли 1944 ба ҷанг даъват шуда, пас аз хатми курси кӯтоҳмуддати омодагӣ бевосита ба майдони ҳарб ворид гардид. Ба андешаи қаҳрамони мо сирри мувафаққияти ғолибияти армияи пуриқтидори шӯравӣ он буд, ки байни ҷанговарон миллатгароиву ҷудоиандозӣ набуд. Ҳама барои дифои Ватан якҷоя бархоста буданд. Шиори ҷанговарон «Ҳама ба дифои Ватан, ҳама ба дифои модар» буд. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки шукронаи тинҷиву ободии кишварро намуда, бо таҳсили намунавии худ барои фардои ин миллати саодатманд кӯшанд.
Чорабиниро намоиши фарҳангӣ, ки аз ҷонби донишҷӯён омода карда шуда буд, боз ҳам рангинтар намуд.
Ба Мирзоалиев Сотимбой аз ҷониби Раёсати донишкада, кумитаи иттифоқи касаба тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

 Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд