(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи варзишии корхонаю ташкилотҳо оғоз ёфтБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҷмаи майдончаҳои варзишии маҳаллаи «Суғдиён» мусобиқа барои дарёфти мукофоти ширкати «XL» оид ба футболи хурд байни идораҳо ташкилотҳо ва корхонаҳо бахшида ба соли 2017 “Соли ҷавонон” оғоз гардид.
Дар расми кушоди ин чорабинии варзишӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар мусобиқа 20 даста иштирок дошта, бозии байни дастаҳо то санаи 25 май идома меёбад.
Барои беҳтарин дастаҳои ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ супорида мешавад.