(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши “Баҳори ҷавонӣ” оғоз гардидДар муассисаи фарҳангии дар Арт-галереяи “Сомониён”- шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи намоиши асарҳои мусаввараи таҳти унвони “Баҳори ҷавонӣ” бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 20 солагии Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Дар расми кушоди намоиш шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Раиси иттифоқи рассомони вилоят Насиба Эшонова, Рассоми халқии Тоҷикистон Комил Ёдгоров, нависандагон Муҳиддин Хоҷазод, Маъруф Бобоҷон иштирок намуданд.
Дар намоиш бештар 30 нафар доири ҷавонӣ ва ин айём бо рангу диди мухталиф манзури ҳаводорони санъати тасвирӣ намуданд. Намоиш то интиҳои моҳи май идома ёфта барпои хоҳишмандон ин намоиш ройгон пешкаш гардидааст. Мудири бахши фарҳанг Бахтиёр Қосимов ба як зумра рассомон аъзоёни академияи мусаввирони вилояти Суғд Сипосномаи Бахши фарҳанг ва дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорид.