(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастоварди навбатии донишҷӯёни ДПДТТ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣДонишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб соли равон макони баргузории даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ гардид. Дар олимпиада аз 36 муассисаҳои олии кишвар наздики 350 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишкадавӣ аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ дониши худро санҷиданд. Лозим ба ёд оварист, ки санҷиши дониши иштирокдорони олимпиадаи имсола тариқи усули тестӣ сурат гирифт.
Шарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар ин озмуни бонуфуз, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ олимпиада гузаронида мешавад, 10 нафар донишҷӯёни лаёқатманд ҳимоя намуданд. Дар натиҷа Ҷаборов Алишер Илҳомҷонович, донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 25.01.07ра, факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ аз фанни забони англисӣ, Ҳусейнбоев Абдусаид Мавлонович, донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 40.01.01тв, факултети информатика ва энергетика аз фанни технологияи информатсионӣ соҳиби ҷойи дуюм гардида, донишҷӯён Комилов Дилшод Назирович, курси 3, гурӯҳи 40.01.01тб, факултети  информатика ва энергетика аз фанни химия, Бобоҷонов Хуршедҷон Аминҷонович, курси 3, гурӯҳи 70.02.01ра,  факултети сохтмон ва нақлиёт аз фанни физика, Раҳимов Амирҷон Акрамович, курси 3, гурӯҳи 25.01.07ра, факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ аз фанни математика, Акрамова Гулнорахон Акмалхоновна, курси 3,  гурӯҳи 25.01.07 тб, факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ аз фанни назарияи иқтисод, Худойқулов Шаҳбоз Ғайратович, курси 2,  гурӯҳи 2_70.02.01 тв, факултети сохтмон ва нақлиёт аз фанни забон ва адабиёт, Дмитриева Диана Владимировна, курси 4, гурӯҳи 25.01.рб, факултети муҳандисӣ–иқтисодӣ аз фанни забони русӣ ҷойҳои чорумро ишғол намуданд.
Юлдошева Мутриба Фарҳодовна, донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 74.02.06.та, факултети муҳандисӣ-технологӣ аз фанни биология ва Холмуродов Абдуҳалим Раҳимқулович, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 43.01.03.тв, факултети информатика ва энергетика аз фанни таърихи халқи тоҷик мутаносибан мақомҳои 6 ва 7-мро ишғол намуданд. Аз рӯи ҷойҳои ба даст омада Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни 36 муассисаҳои олии кишвар мақоми шашумро ишғол намуд.
Дар ҷамъбаст Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба 2 нафар гирандагони мақоми дуюми донишкада медали нуқраро супорида, ҳамзамон ба 6 нафари дигар, ки ҷойи чорумро ишғол намуданд, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми кишварро супорид.
Номбурда ба сатҳу сифати ташкили олимпиада баҳои баланд дода, иброз дошт, ки тариқи тестӣ гузаронидани санҷиши дониши иштирокчиён тақозои замон аст. Зеро ин тарзи имтиҳонгирӣ масъулияти донишҷӯро нисбати илмомӯзӣ боз ҳам баланд мебардорад.
Раёсат, кулли устодону шогирдони донишкада ҳамаи устодону иштирокчиёни олимпиадаро, ки тайи чанд рӯз дар шаҳри Кӯлоб қарор доштанд, бо ин дастовард табрик намуда, ба онҳо дар кору таҳсил барор хоҳонанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд