(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими мумфаршкунии кӯчаҳо оғоз ёфтДар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар марказивилоят шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад. Баробари фароҳам омадани ҳавои мусоид корҳои таъмиру ҳамвор намудан ва мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр шурӯъ гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи «Роҳи абрешим»- маҳаллаи «Навбаҳор» ширкат намуд.
Назар ба маълумоти масъулини Идораи роҳсозии шаҳр масофаи кӯчаи мазкур 375  метрро ташкил дода , роҳсозони шаҳр  таъмир ва муифаршкунии пурраи роҳро давоми 4 рӯз ба нақша гирифтаанд. Ҳоло барои анҷоми корҳои мавҷуда дар ин роҳ 8 нафар кормандон бо 5 техникаи лозима ба омода намудани роҳ  ва бо  асфалт пӯшондани он машғуланд.
Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки имсол мувофиқи нақшаи тасдиқнамуда мумфаршкунии пурраи  наздик 40 км роҳи кӯчаю хиёбон ва роҳҳои дохили маҳаллаҳои шаҳр пешбинӣ гашта, бештар аз 4 км роҳи маркази влоят аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Айни замон роҳсозони Хуҷанд барои анҷоми корҳои мумфаршкунӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бештар аз 5 тонна маҳсулот аз қабили битум, шағал ва ғайра захира намуданд.