(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сокинон барои ободии маҳаллаи худ саҳм мегузоранд.Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад.
Сокинони маҳаллаи «Чорчароғ» давоми се рӯз мешавад, ки тариқи ҳашар яке аз кӯчаи маҳалла,ки номи М Ахмедовро дорад тахту ҳамвор намуда бетонпӯш менамоянд.
Қаблан дар кӯчаи мазкур ҳангоми боришоти зиёд об ҷамъ шуда ба гаштугузори сокинон мушкилӣ эҷод менамуд.
Дар гузари мазкур 12 манзили истиқоматӣ буда, ҳоло сокинон кӯчаро, ки 100 метр дарозӣ дорад, аз таъмир бароварданд.
Барои ин корҳои ободонӣ ва таъмир бештар аз 8 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид, ки он пурра аз ҳисоби сокинони ин кӯча ҷамоварӣ гардида буд. Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти маҳалла ҷойи истироҳат ва ҷамъшавии пирони маҳалла низ бунёд гардид. Минбаъд пирони маҳалла ва нафақахурон имкон доранд, дар ин ҷой ҷам шуда бо ҳамдигар сӯҳбат намоянд.