(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Беҳтаринҳо муайян гардидандДар гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бахшида ба Соли ҷавонон ба мақсади ташвиқи варзиши сабук, мустаҳакам намудани алоқаи дӯстӣ, баданд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои аъзои дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Мусобиқаҳои варзиши сабук аз рӯи намудҳои спринт- дав бо монеа, формула-1, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани найзаи кӯдакона, ҳаво додани ҳалқа бо гардиш, давидани пурбардоштона гузаронида шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ дастаҳои МТМУ №22, 19, 10, 7, 21, М/Х «Файз», «Гулчини маърифат», гимназияи №1 ва дигарон ширкат варзида, бо чусту чолокии ба худ хос намудҳои варзиши сабукро иҷро карданд. Ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд ва дар натиҷа ҷойи аввад насиби дастаи МТМУ №22, ҷойи дуввум МТМУ №7 ва мақоми сеюм насиби гимназияи №1 гардид. Ба щолибон дар вазъияти тантанавӣ Ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.