(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фараҳноз Олимова – ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣДар пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилал олимпиадаи фанни таърихи халқи тоҷик баргузор гардид. Дар Маркази дарёфти рушди истеъдодҳои ҷумҳурӣ 30 нафар беҳтарин толибилмони кишвар донишу истеъдоди худро дар ҳузури ҳакамон намоиш доданд.
Аз вилояти Суғд панҷ нафар хонандагони болаёқат, аз ҷумла аз шаҳри Хуҷанд хонандаи синфи 10, аз литсейи физикию математикии ба номи М. Осимӣ Фараҳноз Олимова дар олимпиадаи мазкур ширкат варзида, сазовори мақоми дуввум гардид. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.