(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Санъаткорони ҷавони Хуҷанд соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштандДар интиҳои моҳи  марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмиллалии ансамбл ва оркестрҳои бисёровоза бо номи “Наврӯз садолари” баргузор гардид.
Дар озмун ансамбли созҳои миллӣ, ки иборат аз муҳасслини мактаби санъати баноми Л. Шералии шаҳри Хуҷанд иборат буд ширкат намуданд.
Хонанадагон давоми як моҳ бо роҳбарии омӯзгори ҷавон Дилшод Ҳамроқулов мувофиқи талаботи низомномаи озмун омодагӣ гирифта нд. Ҳайати ансамбл аз омӯзгорон Замира Ҷӯраева чун роҳбари ансамб, Дилшод Ҳамроқулов бо дутор-бас ва шогирдони онҳо Муҳаммадҷон Иброҳимов бо сози дойра, Муҳаммадзоҳир Муҳаммадҷонов бо сози най ва Исмоилҷон Азизов Исмоилҷон бо сози дутор иборат буданд. Санаи 25.03.2017 иштирокчиёни озмун дар толори Консерваторияи миллии Ӯзбекистон иштирок намуда, ансамбли созҳои миллии Мактаби санъати ба номи Л. Шералии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои дуюм гардиданд.