(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шоҳмотбозон ҷамбаст гардидСанаҳои 17 марти соли равон дар ҷойхонаи «Сирдарё» мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид шоҳмот байни маҳаллаҳо бахшида ба соли 2017 – «Соли ҷавонон» ва Иди байналмилаии Наврӯз-2017 баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 35 нафар дӯстдорони бозии шоҳмот аз маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Дар ниҳояти мусобика байни ҷавонон ҷои якумро Охунов Фатхулло аз маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» ишғол намуд. Ҷои дуюмро Файзиматов Аҳмадҷон аз маҳаллаи «1-Май» ва ҷои сеюмро Калонов Расул аз маҳаллаи «Шарқ» ишғол намуд. Дар мусобиқаи байни калонсолон ғолибиятро Иномҷонов Маъруф аз маҳаллаи «Масҷиди Савр» соҳиб гашт. Дар ҷои дуюм Бақоев Хайдар аз маҳаллаи «Бофанда» ва ҷои сеюмро Темиров Саидёқуб аз маҳаллаи «Раззоқ» соҳиб гаштанд. Ҳамаи ғолибони мусобиқа аз чониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёхии шахр бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиривӣ қадрдонӣ карда шуданд.