(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣҲамшаҳриёни азиз!
Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ ва ҷаҳонӣ - Наврӯзи фаррухпай ҳар яки Шуморо самимона ва бо наҷибтарин нияту орзуҳо табрик мегӯям.
Ин ҷашни бостонии ниёгони мо рамзи абадияти зиндагӣ, эҳёи табиат ва покии инсон буда, барои мо тоҷикон басо муқаддас ва гиромӣ мебошад.
Зеро фарҳангу оинҳои орёни мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои наврӯзӣ ва сарнавишти миллати мо пайванди ногусастанӣ дошта, дар дилу дидаҳои мардуми мо ҷой гирифтаанд.
Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Шоистаи зикр аст, ки Наврӯз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфтааст. Имрӯз истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.
Ин иди аҷдодиро имрӯз дар аксари мамолики дунё бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Зеро бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз боиси ифтихор ва сарбаландии миллати мо дар арсаи байналхалқӣ мебошад.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯз намунаи барҷастаи ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардаасту мекунад.»
Ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондӯстона ва хиради созанда ниёз дорад.
Ва Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд.
Миллати тоҷик дар зарфи ҳазорсолаҳо ин ҷашни меросии худро баробари забони модарӣ ҳифз кардааст. Ин аст, ки бо таваҷчӯҳ ба вижагии ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамеша мардумро ба ҳифзи арзишҳои он даъват мекунанд.
Имрӯзҳо маҳз бо кӯшишҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мардуми шарифу шарафманди мо корҳои ободию созандагиро идома медиҳанд ва барои тозакории кӯчаву хиёбон, хонаву кошона ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ саҳмгузорӣ менамоянд, то Наврӯзи оламафрӯзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва худогоҳию хештаншиносӣ таҷлил намоянд.
Бо ҳамин умеду орзуҳои нек ҳамагонро бо қадами мубораки Наврӯзи Аҷам сидқан шодбош гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзумандам.
Бигзор Наврӯзи ҳуҷастапай имсол низ бароямон шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ  оварад!
Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!