(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Пайки НаврӯзӣБо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф дар МТМУ №21 озмунҳои «Маликаи Наврӯз» ва «Ҳафт син ва ҳафт шини хони наврӯзӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмунҳои мазкур аз 44 муассисаҳои таълимӣ хонандагони синфҳои 7-11 фаъолона ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории ин озмунҳо эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, тарщиби ҳунаромӯзиву зебоипарастӣ, фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдодҳо ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон буд.
Вусъат додани нерӯи эҷодӣ, тарбияи завқи маънавии наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, инкишоф додани тафаккури бадеӣ, щанӣ гардонидани маънавиёти хонандагон оид ба идҳои миллӣ ва санъати тоҷик ҳадафи асосии ин озмун буд,  ки иштирокчиёни он бо тайёрии ҳамаҷониба омодагӣ диданд. Кумитаи тадорукот ва ҳайати доварон  озмунро адолатхоҳона бо ҳисси ифтихор ҷамъбаст намуда, ҷойи сеюмро дар озмуни ороиши дастархони наврӯзӣ дар шакли «Ҳафт син ва ҳафт шин» ба иштирокчиён аз МТМУ №14, ҷойи дуюм насиби хонандагони МТМУ №16 ва ҷойи якум насиби хонандагони МТМУ №21 муносиб донистанд.
Дар озмуни «Маликаи Наврӯзӣ» ҷойи якум насиби хонандаи синфи 10-и гимназияи №24-Расулова Меҳрангез, ҷойи дуюм насиби хонандаи синфи 10-и МТМУ №16 -Раҷабова Гулсара ва ҷойи сеюм насиби хонандаи синфи 11-и МТМУ №21 Дилнишин Шарифзода гардид. Щолибон бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.