(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Зан-модар тавлидгару мураббии инсонБахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар-8 март дар ДИС ДДТТ чорабинии идона таҳти унвони «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори донишкада н.и.и., дотсент Рауф Олимӣ сухан карда, бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда муборакбод намуд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М. Абдулҳакимов аз номи раёсати кумитаи ҳизб бонувони донишкадаро табрик гуфта, ба якчанд занони фаъоли муассиса ифтихорномаҳои кумитаро тақдим кард.
Сипас, барномаи рангини адабӣ-фарҳангии донишҷӯёни донишкада, ки аз қироати ашъор васфи зан-модар, сурудани сурудҳои дилнишин, намоиши саҳнаи адабӣ ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон, бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар ба бонувони донишкада аз номи раёсати таълимгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.