(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Модар офтоби хонадон астДар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ аҳли маорифро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Султонӣ Илҳом Инъомзода хайрамқдам гуфта, риштаи суханро ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дод. Мудири шуъбаи идеология ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов табрикоти Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файзро ба муносибати Рӯзи Модар ба самъи ҳозирин расонд.
Баъдан мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бонувонро ба ҷашни Рӯзи Модар таҳният гуфта, таъкид намуд, ки дар партави марҳамату ғамхориҳои Пешвои миллат мақоми манзалати занону модарони тоҷик ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид. Имрӯз бо шарофати озодию истиқлоли Ватани маҳбубамон занону хоҳарон ва модарони арҷманди мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баробари мардон заҳмат кашида, бо мақсади таҳкими иқтидору тавоноӣ ва обрӯю манзалати баланди байналмилалии кишвар зафармандона саъю талош менамоянд. Саҳми бонувону модарони азизамон, махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд беш аз ду ҳазор нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас машғуланд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони равшанзамир ва муаллимаҳои соҳибистеъдоду навовари шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд, раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маориф супорида шуд. Барномаи рангини адабию фарҳангии толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр аз сурудҳои дилнишин, рақсҳои ҷолиб ва қироати шеърҳо васфи модарону бонувон хотири иштирокчиёнро болида гардонд.