(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр занони собиқадорро аёдат намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз меҳмони хонадони анони барӯманд собиқадорони меҳнат ва занони фаъоли шаҳр гардида, онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба аёдати  ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, Шаҳрванди фахрӣ Хосият Зокирова, собиқадори меҳнати ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Вера Прошинина собиқадори соҳаи тандурустӣ Каромат Ахмедова рафта ин занони номдорро бо фасли баҳору зебоӣ ва Рӯзи Модар табрик намуд.
Ҳангоми аёдати Шариф Шарифзода аз оилаи Саидовҳо хурсандии ин хонаводаро канор набуд. Зеро Холмуҳаммад ва Мария Саидовҳо имсол 70 солагии зиндагии якҷояи худро таҷлил хоҳанд кард. Давраи ҷавонии онҳо дар комбинати машҳури шоҳибофии ҳамонвактаи Ленинбод гузашта соли 1947 бо ҳам издивоҷ намудаанд. Ҳоло онҳо соҳиби 4 фарзанд 8 набера ва 21 абера ҳастанд.
Барои собиқадори меҳнати ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мукаррама Раҳимова баҳори имсола пурфайз омад. Зеро имсол ин зани хизматнишондодаи 89 сола соҳиби чорумин чабера гашта шукри даврони пурфайзу осоиштаро мекунад.
Ба тамоми аёдатшудагон кӯмаки яквақтаи моддӣ ва маблағи пулӣ супорида шуд.