(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Дар маҳаллаҳои шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гаштани «Соли 2017- соли ҷавонон» ва таҳкими фаъолияти кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз санаи 23 феврали соли равон қарори дахлдорро ба имзо расонд, ки мувофиқи он минбаъд дар маҳаллаҳои маркази вилоят Шӯрои кор бо ҷавонон фаъолият хоҳад кард.
Ҳамзамон мувофиқи қарор зикргардида шӯрои мазкур ҳамчун зерсохтори шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, фаъолиятро дар мувофиқа бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда, дар татбики сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳаллаҳо масъулияти асосиро хоҳад дошт. Дар баробари ин аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд раиси Шӯрои кор бо ҷавонони маҳалла бо маош таъмин гардида, бо ин мақсад барои соли 2017 сарфи 165 ҳазору 825 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.