(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши “Мо ҳимоягарони Ватан” дар мактаби рассомӣБахшида ба ҷашнгирии солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби  рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти хонандагони мактаб бо номи “Мо ҳимоягарони Ватан” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи ин намоиш бо иштироки ҷанговарони байналмиллал баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин омӯзгорон ва хонандагони Мактабҳои санъати №1 ба номи Лоиқ Шералӣ ва Мактаби санъати №3 бо эҷодиёти хонандагони худ иштирок намуданд.
Барои ҳаводорон ва дӯсторони ин намуди санъат  зиёда аз 250 асарҳои хонандагон пешниҳод  карда шуд. Ҳамчунин дар намиш маҳсули ҳунари маҳфилҳои ҳунарӣ ва рассомӣ аз ҷумла маҳфилҳои рассомтарроҳ, йӯрмадузӣ, ҳунарҳои дастидӯзӣ бо роҳбарии омӯзгорон Донёров Ғ.Ю., Ёқубова З.Х., Дадобоева М.А., Саидова М.С., Олматова З.Қ., Мамадҷонов М.П., Ёдгоровва З.С., Қосимова М.М., Давлятов Х.Р., Самадов Ф.А., Каримов Ф.И., Мӯминова З., Валиолова Л.В. пешниҳод карда шуд.
Дар интиҳои ҳафта аз ҷониби омӯзгорон маҳсули эҷоди иштирокдорони намоиш ҷамбаст карда хоҳад шуд.