(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Поси хотири ҷанговарони байналмиллалҲамасола санаи 15-уми феврал кулли ҷанговарони байналмиллали вилояти Суғд ба ҳам меоянд. Зеро дар ин сана соли 1989 охирон сарбози артиши Шуравӣ  аз хоки Афгонистон бароварда шудааст.
Ба муносибати 28-умин солагрди баровардани артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ва ба хотири гиромидошти шаҳидони ин муҳорибаҳои хунин, пос доштани номи неки ҳалокгаштагон, субхи имрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд маросими гулчамбаргузорӣ ва ёдбуди аскарону афсарони  дар  Ҷумҳурии  Афғонистон  ҷонбохта баргузор гашт.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, бо ҷанговарони байналмиллал ва шахсони касбу кори гуногун дар пояи муҷассамаи шаҳидони ин набард гулчамбар гузоштанд. Поси хотири ҷанговарони байналмиллалЛозим ба ёдоварист, ки аз вилояти Суғд давоми солҳои ширкати Қӯшунҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги давлати Афғонистон 87-нафар халок гашта, дар лавҳаи хотиравии муҷассама номи ҳар яки онҳо сабт гардидааст.
Шумораи умумии иштирокчиёни дар Афғонистон ҷангида аз вилояти Суғд 3142 нафарро ташкил дода, 600 нафарашон бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштаанд.