(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Хотираи неки адиби ваҳдатсаро абадӣ шудШоири зиндаёд Неъмат Оташ яке аз фаъолтарини шоирони маҳфили «Адибони Ваҳдатсаро»-и Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Ҳамчун аъзои ин маҳфил анқариб ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар карда, доир ба аҳамияти ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат ҳарф мезад ва ҳатман чанд шеъру ғазалҳои ба Ваҳдат бахшидаашро қироат мекард.
Соли 2015 санаи 7 ноябр бошад, ин шоири зиндадилу дарёдил ба таври ногаҳонӣ дар синни 62 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҷанговари байналмилал буд. Дар ҷанги Афғонистон ба сифати тарҷумони госпитали ҳарбии советӣ иштирок карда, барои корнамоиҳои ҷангиаш бо ордени «Ситораи Сурх»-и ҷангӣ, медалҳои «Барои шуҷоати ҷангӣ» ва «Аз халқи миннатпазири афғон» қадршиносӣ шудааст. Ӯ фидоии матбуот тоҷик буд. Фаъолияташро аз корманди оддии рӯзномаи ноҳиявӣ оғоз намуда, то ба дараҷаи сармуҳарририи маҷаллаи адибони вилоят «Паёми Суғд» расида буд. Рӯзи гузашта дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 28-умин солгарди бароварда шудани қӯшунҳои советӣ аз хоки Афғонистон дар маркази вилоят маросими ботантана бахшида ба абадӣ гардонидани хотираи неки ин адиби ваҳдатсаро баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки шоири зиндаёд Неъмат Оташ барҳақ аз зиёиёни фаъоли шаҳр буд. ӯ бахши шаҳрии «Бунёди забони тоҷикӣ»-ро аз рӯзҳои таъсисёбиаш то лаҳзаи вопасини умр сарварӣ намудааст. Солиёни зиёд дар рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» ба сифати муовини сармуҳаррир фаъолият намуда, на танҳо дар хонданбобу пурмӯҳтаво баромадани ҳар шумораи нашрия, балки тарбияи як зумра қаламкашони ҷавон саҳми арзанда гузоштааст. Барои хизматҳои шоистааш дар рушду нумӯъи матбуоти тоҷик бо нишони сарисинагии Аълочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, шарикдарси шоири зиндаёд дар мактаби миёна Мукаррама Неъматова, раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилали вилоят Комилҷон Содиқов ва дигарон аз хислатҳои ҳамидаи Неъмат Оташ ёдовар шуда, абадӣ гардонидани номи шоирро аз амалҳои нек ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи инсонҳои соҳибдил арзёбӣ карданд.
Дар вазъияти тантанавӣ парда аз лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд. Аз ин пас бо қарори Раиси шаҳр яке аз кӯчаҳои марказии маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳр ба исми шоири ваҳдатсаро Неъмат Оташ номгузорӣ шуд.