(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти ҷавонони синни тодаъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарони қисми низомӣ.Имрӯз мувофиқи нақша чорабинии якчояи шуъбаи маориф, комиссарияти ҳарбӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба  эълон гаштани соли 2017 – «Соли ҷавонон» ва 24 солагии таъсисёби Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷавонони синни то даъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар хонандагони синфҳои болои макотиби шаҳр иштитрок намуда, аз шароити зист, ошхона ва лавозимоти ҷангии  сарбозону хизматчиёни ин қисми низомӣ дидан ошноӣ пайдо намуданд. Назар ба маълумоти масъулини ин чорабинӣ мақсади баргузории ин шиносоии бевосита баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, ҳамчунин беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон аст.