(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Спартакиадаи омӯзгорон оғоз гардидДар гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар давраи таътили зимистона спартакиадаи омӯзгорон оғоз гардид. Дар оғози мусобиқаҳои варзишӣ Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ғ. Дадобоев иштирокчиёни мусобиқаро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузории спартакиада тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорон ба варзиш дар давраи таътили зимистона мебошад.
Намояндаи шуъбаи маорифи М. Камолов изҳор дошт, ки спартакиада тибқи низомнома баргузор мегардад ва мо баҳри он талош менамоем, ки беҳтаринҳоро муайян намуда, онҳоро қадрдонӣ намоем.
Спартакиада аз рӯи се намуди варзиш: волейбол, шашка ва шоҳмот гузаронида шуда, муддати се рӯз идома меёбад. Баъди муайян намудани ҳайати ҳакамон ва қуръапартоии дастаҳо мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд. Дастаи волейболбозони гимназияи ба номи Гёте дар бозии нахустин бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, дастаи МТМУ №11-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар спартакиада аз ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр дастаҳо ширкат варзида, ғолибон бо Ҷом, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.