(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастовардҳо назаррасанд, камбудиҳо ислоҳшавандаандДар мактаби хусусии «Паймони азизон» ҷаласаи ҷамъбастии Рӯзҳои раёсати маорифи вилояти Суғд дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо иштироки директорони мактабҳо ва мудирони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид. Ҷаласаро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов дод.
Сайфулло Раҳматов дар бораи ҳадафи баргузории Рӯзҳои раёсати маорифи вилоят дар шаҳри Хуҷанд маълумот дода, зикр намуд, ки ҳайати гуруҳи корӣ аз санаи 21 то 23-уми декабри соли равон аз мактаб ва кӯдакистонҳои шаҳр боздид карда, оид ба дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои мавҷуда фикру мулоҳизаҳои хешро пешниҳод намуданд. Сипас дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа сардорони гуруҳҳо Р. Алиева, А. Қурбонов, А. Солеҳҷонов, Б. Сарҳадов, М. Маъмурова, М. Ҷӯраева гузоришу пешниҳодҳои хешро перомуни муассисаҳои таълимие, ки ба он ҷо ташриф оварда буданд, баён доштанд.
Ҳайати гуруҳи корӣ асосан ба масъалаҳои вазъи таълиму тарбия, саводнокии хонандагон, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, давомоти хонандагон, вазъи озмоишгоҳҳо, имтиёз ба омӯзгорони ҷавон, ҳолати толорҳои варзишӣ, натиҷаи корҳои хаттӣ, кори иттиҳодияҳои методӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон, аз таълим берун мондани хонандагон, омӯзгорони ғайриихтисос, вазъи синфхонаҳои компютерӣ ва компютерҳои корношоям, раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои ислоҳи камбудиҳо масъулинро муаззаф намуданд.
Дар поёни ҷаласаи Рӯзҳои раёсати маорифи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд С. Раҳматов аҳли маорифи шаҳрро ба муносибати фаро расидани соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно кард.