(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти ташкиотҳои динии шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамбастии бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа имомхатибони масҷиди ҷомеъ ва имомони масоҷиди панҷвақта ширкат намуданд. Сармутахассиси бахш Эркин Маҳмудҷони доири фаъолияти солонаи  муассисаҳои динии  шаҳр маълумот дода аз ҷумла зикр намуд, ки Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросиҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вобаста ба иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла тибқи хулосаи комиссияи атестатсионии ҷумҳуриявие, санаи 30 июли соли равон мувофиқакунонии имомхатибон гузаронида шуда буд 2 нафар имомхатибон Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода сархатиби масҷиди ҷомеи марказии “Шайх Маслиҳатдин” ва имомхатиби масҷиди ҷомеи “Нури Ислом” Калонзода Ибодулло ба вазифаи ишғол намудаашон мувофиқ дониста шуда,  Саидикромов Саиднозим ба вазифаи имохатиби масҷиди ҷомеи “Бобо-хӯҷа” ва Ҳомидов Хусрав ба вазифаи имохатиби масҷиди ҷомеи “Тақво” муаррифӣ карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон аз ҷониби тӯйхонаҳо ба 85 оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон ба муносибати идҳои давлатӣ кӯмаки яквақта  иборат аз маводи хӯрока дастрас карда шуд. Аз тарафи масҷидҳои шаҳр аз ҳисоби Фитри Рӯза ва Иди Қурбон масҷиди ҷомеи марказии «Шайх Маслиҳаддин» 23340 сомонӣ, масҷиди ҷомеи «Нури Ислом» 20403 сомонӣ, масҷиди ҷомеи «Бобо-хӯҷа» 4174 сомонӣ, масҷиди ҷомеи «Ихлос» 4388 сомонӣ ва  масҷиди ҷомеи «Тақво» 1546 сомонӣ боз бо маводҳои хӯрока ҳамагӣ ба 646 оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон, Хонаи пиронсолон, мактаб-интернати ёрирасон, Хонаи кӯдакон, Маркази равонпизишки вилояти Суғд, комплекси кӯдакистони махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобиноён, беморхонаи сирояткунадаи шаҳр  дар маҷмуъ 54851 сомонӣ дастрас карда шуд.
Назди бахш бо мақсади сафари ҳаҷ 7848 нафар ба қайд гирифта шуда, давоми соли 2016 - 2550 маърака ба қайд гирифта шудааст. Ба муносибати идҳои давлатӣ ва ифтитоҳи иншооти нави корхонаву муассисаҳо бошад аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон дар 24 чорабинӣ хатнатӯйи хайриявии 157 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ва тӯи домодию арӯсии хайриявии 3 ҷуфт навхонадорон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар шаҳри Хуҷанд айни замон панҷ масҷиди ҷомеъ, 37 масҷиди панҷвақта, 8 ташкилоти дини ғайриисломӣ ба қайд гирифта шуда фаъолият дорад.