(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди кории Раиси шаҳр аз коргоҳҳои хоҷагии коммуналӣРаиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз субҳи рӯзи гузашта аз коргоҳҳои хоҷагии коммуналӣ-КВДК хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд ва минтақаҳои ба истифодабарии манзилҳои соҳили росту чап боздид ба амал овард.
Раиси шаҳрро ба ин боздиди корӣ вазъияти вазнини иқтисодии ин муассисаҳо водор кард. Ӯ бо вазъи баамаломада шахсан аз наздик шинос шуда, барои ислоҳи камбудиву норасоиҳо бо муайян намудани сабабҳои вазъият дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар КВДК хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода баъди шиносоӣ бо базаи техникӣ ва нақлиётҳои хизматрасон, сехҳои таъмири нақлиёт бобати ободу зебо намудани атроф, побел намудани майдонҳо ва ба шаклдарории дарахтон дастуру супоришҳо дода, дар утоқи кори сарвари корхона бо сардорони шӯъбаву сохторҳо ҷаласаи фаврӣ доир намуд. Раиси шаҳр аз вазъияти вазнини иқтисодӣ, рафти сусти ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонӣ, болоравии қарзи андоз аз ҳисоби пения изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба гуфти муовини директори генералии коргоҳ оид ба иқтисодиёт Ҳайдарҷон Эшонқулов қарзи муассиса  аз андоз ба 7 млн. сомонӣ расидааст. Қарзи мазкур аз ҳисоби саривақт пардохт нашуданаш ҳамасола ба он пения зам гардида, то  имрӯз ба ин миқдор расидааст. Маблаuҳои ҷории андоз саривақт пардохт карда мешаванд. Муассиса аз музди меҳнат, истифодаи қувваи барқ қарз надорад.
Бо вуҷуди он, ки дар қаламрави шаҳр моҳе то наздик 600 ҳазор сомонӣ маблаuи хизматрасонии муассиса аз аҳоливу корхонаҳо ҷамъоварӣ мешаванд, Раиси шаҳр Шариф Шарифзода аз рафти ҷамъовоарии ҳаққи хизматрасонӣ изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки дар ин самт кор ҷоннок карда шавад. Мавсуф сабабҳои кам ҷамъоварӣ шудани ҳаққи хизматрасониро шарҳу эзоҳ дод.
Ба сарпарасти соҳа-муовини якуми Раиси шаҳр Хайрулло Fайбуллозода, сардори КВД «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр» Зафар Бобоев, масъулони КВДК хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд супориш дод, то ки дар муддати кӯтоҳ нақшаи баровардани коргоҳро аз бӯҳрон таҳия созанд ва барои тасдиқ ба МИҲД шаҳр пешниҳод намоянд.
Боздиди кори Раиси шаҳр баъдан аз минтақаи ба истифодадиҳии манзилии соҳили чап (иҷрокунандаи вазифаи сардор Ҳокима Ҷабборова) ва соҳили рост (сардор Мансур Наҷмиддинов) идома ёфт. Шарифзода Шариф Файз зимни сӯҳбат бо ҳарду ҷомеаи меҳнатӣ аз фаъолияти сусти кормандон дар самти ҷамъоварии маблаuи хонапулӣ ва хизматрасонии техникӣ изҳори нигаронӣ намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо ин сабаб имрӯз афзудани маблаuи қарзи андоз ин муассисаҳоро ба ҳолати ногувор расонидааст. Зимни сӯҳбати корӣ Шарифзода Шариф Файз оид ба таъсиси ширкати соҳибони манзил дар биноҳои истиқоматӣ, тавассути суд рӯёнидани қарзи аҳолӣ аз хонапулӣ ва хизматрасонии техникӣ, қатъ кардани ҳисоббаробаркунӣ ибрози назар кард ва бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳои мавҷуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Роҳбарияти ин ду муассиса низ муаззаф гардиданд, ки дар муддати кӯтоҳ нақшаи баровардани корхонаҳоро аз бӯҳрон таҳия намуда, барои тасдиқ ба МИҲД шаҳр пешниҳод намоянд.