(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таъиноти кадрӣ дар «Тирози ҷаҳон»Фарзона Алиева, ки то ин дам сармуҳарририи ҳафтаномаи «Навиди Ёва» -нашрияи ҷамоати деҳоти Ёваро ба ӯҳда дошт, бо қарори Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз таҳти №263 аз 23 ноябри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи МИҲД шаҳри Хуҷанд «Тирози ҷаҳон» таъин шуд.
Фарзона Алиева зодаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров буда, хатмкардаи факултаи филологии тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аст.
Фаъолияти меҳнавтиашро дар соҳаи васоити ахбори омма соли 2010 аз радиои «Тироз» ба сифати муҳаррир ва баранда оғоз карда буд. Соли 2011 дар вазифаи муҳаррири калони барномаҳои радиои «Ҷаҳоноро» фаъолият бурдааст. Аз соли 2014 сармуҳарририи ҳафтаномаи «Навиди Ёва»-ро ба ӯҳда дошт. Вай уновнҷӯ буда, соли 2013 китобаш бо номи «Фарҳанги ном» аз чоп баромадааст. Яке аз муаллифони китоби «Номнома», дорои 30 ҳазор ном, ки дар Кумитаи забон ва истилоҳи наздит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Пешвои миллат дар арафаи чоп аст.

Маркази иттилооти дастгоҳи

Раиси шаҳри Хуҷанд