(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймои ва ҳамоиши сокинони шаҳр баргузор гардид. Аз субҳи барвақт бештар аз 7 ҳазор нафар роҳбарону намояндагони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олӣ, зиёиён аҳли илму адаб аз майдони «Ситораҳои Хуҷанд» то майдони парчами миллӣ воқеъ дар хиёбони ба номи Р. Набиев роҳпаймоӣ намуданд.
Дар назди Парчами миллӣ ба иштирокдорони чорабинӣ муовинони Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳ гашта суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуданд. Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Баъдан дар Касри фарҳанги «Сугдиён» барномаи адабӣ-фарҳангӣ бо ширкати устодони санъат ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.