(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Футболбози беҳтарин муайян гардид.Тибқи нақша чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз санаҳои 7-15 ноябри соли 2016 дар майдони футболбозии Муассиаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 65 солагии Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномҷон Алиҷонов мусобиқаи кушодаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2003 баргузор гардид. Дар он 12 даста иштирок байни ҳам қувва озмуданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи «Лининг», ҷойи дуюм дастаи «Наврасон» ва ҷойи сеюм дастаи «Бустон» гардид. Футболбози беҳтарин муайян гардид.Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.