(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти нӯҳмоҳа ҷамбаст гардидТибқи нақшаи тадбирҳои мураттабнамудаи Раиси вилояти Суғд Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ дар толори маҷлиси Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Маҷлиси фаъолонро Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оғоз намуд ва арз кард, ки дар маҷлис муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, сардорони кумита ва комиссариатҳои ҳарбӣ, сарварони мактабҳои олӣ ва миёнаи дохили шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр ҳузур доранд. Масъалаи Маҷлис-натиҷабардорӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи хоҷагии халқ дар самти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр аст. Дар ин хусус муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раҳим Солизода ҳисоботи муфассал дод, ки оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нашрияи «Тирози ҷаҳон» дар шумораи 15.10.16 омори аниқу муфассалро ба интишор додааст. Баъдан, бо иҷозати Шариф Шарифзода раисикунандаи маҷлис музокира оғоз ёфт. Нахуст, оид ба вазъи андози шаҳр дар ин фосила Бедил Ҳусейнов, сардори Кумитаи андози шаҳр сухан карда, рафти пардохти ёздаҳ намуд андозро муфассал ифода кард. Аз ҷумла, зикр сохт, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қариб 1000 адад нақлиёти мусофирбар (маршрутка) дар хидмати аҳолии шаҳр ва атрофи он қарор дорад. Дар сафархати ин намуди нақлиёт пардохти андоз муқаррар нашудааст ва ронандагон аз пардохти андоз саркашӣ менамоянд. Шояд вақти он расида бошад, ки ба ҳамин масъала ҳам назари ҷиддӣ дeхта шавад. Андоз аз андозсупорандагони калон низ ба тариқи бояду шояд ба кумита намерасад.
Анвар Яъқубӣ аз Бедил Ҳусейнов қиёси андози соҳаҳоро пурсон шуд ва арз кард, ки воқеан ҳам муаммои нақлиёти мусофирбар муаммои фақат шаҳри Хуҷанд нест, балки тамоми вилоят аст. Мебояд система-тартиби фаъолияти ин гуна нақлиётро аз сари нав баррасӣ намуд ва ба як маром кашид, зеро бо вуруд шудани автобуси мусофирбар муаммо дучанд нашавад. Баъдан ба музокира Муъмин Муҳаммадҷонзода мудири бахши саноат ва энергетика, Зафар Бобоев сардори Сарраёсати ободонӣ, Муҳсин Миркамолов мудири бахши кор бо дин ва танзими расму оин, Исоев, мудири шуъбаи меъморӣ, Халилов сардори кумитаи замин баромада, камбудиву норасоиҳои соҳаҳои пешбарандаи хешро ифода намуданд.
Сипас, Анвар Яъқубӣ ба сухан баромада, изҳор намуд, ки нишондиҳандаҳо хубанд, аммо корҳои ба иҷронарасида ҳанeз зиёданд. Шаҳри Хуҷанд пеш аз ҳама шаҳри саноатист ва мебояд, ки ҳар корхонаи саноатӣ роҳу василаеро ҷустуҷe кунад ва тақдири онро худ ҳал намояд, маҳсулотеро истеҳсол намояд, ки дар бозор рақобатпазир бошад. Мақсади сухани ман он аст, ки Хуҷанд мавқеи шаҳри саноатӣ буданашро аз даст надиҳад. Донишгоҳҳои шаҳр ҳар сол даҳҳо нафар ҷавонони тозадипломишударо бо бовар ба корхонаҳо роҳхат диҳанд, то ки саноати шаҳр вусъати тоза гирад. Дар ин самт низ барномаи мушаххас, система-тартиб ҷорӣ намудан лозим аст, то корхонаи саноатӣ бе мутахассиси донишманд намонад. Хизматрасонӣ ва савдо дар мағозаҳои озуқаворӣ, дар дохили маҳаллаву биноҳои баландошёни истиқоматӣ бояд пурқувват шавад, маводи озуқа ба истеъмолкунанда бояд хеле дастрас гардонида шавад.
Бо зикри таҳлилҳои амиқи соҳаҳо ва дигар пешниҳоду таклиф Анвар Яъқубӣ ба сухани хеш хотима бахшид.
Шариф Шарифзода Раиси шаҳр дар ниҳояти маҷлиси фаъолон изҳор намуд, ки имрeз мо дар хусуси камбудиҳо сухан кардем ва баҳри иҷрояш то ҷамъбасти сол талош меварзем. Ҳамзамон, ба диққати фаъолони шаҳр оид ба натиҷаи ҷамъасти мусобиқаи корхонаҳои саноатӣ, ки бо эҳтимоми Абдураҳмон Қодирӣ Раиси муҳтарами вилояти Суғд дар оғози соли ҷорӣ эълон шуда буд, сухан гуфта, бо ишғоли ҷойи аввал корхонаҳои саноатии шаҳр ва сокинонро муборакбод намуд ва вазифаҳои дар пешистодаро бо қабули пешниҳоду эроди Анвар Яъқубӣ ба самъи ҳозирин расонд.