(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусоҳибаи Раиси шаҳр бо газетаи «Сухани халқ» ва радиои «Шаҳри ман»Сармуҳаррири нашрияи «Сухани халк» ҳамзамон муаллифи барномаи «Набзи зиндагӣ» дар ШТР «Шаҳри ман» Бобоҷон Қурбонов бо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз мусоҳиба анҷом дод.
Зимни ин мусоҳиба Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз наздик ба 10 суоли рузноманигор посух гуфт. Мавзӯи суҳбат асосан ба натиҷаҳои ҷамъбатии фаъолияти нӯҳмоҳаи хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд бахшида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти нӯҳмоҳаи самтҳои мухталифи шаҳри Хуҷандро натиҷагирӣ намуда, пешрафту дастовардҳоро натиҷаи меҳнати аҳлонаи тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд, масъулину роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд  арзёбӣ намуд. Зимни посух ба суоли рӯзноманигор Раиси шаҳр аз воқеаи муҳиму фараҳбахши таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуд ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтани якчанд иншоотҳои муҳимро дар ҳаёти шаҳриён воқеаи муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, вобаста ба вазъи хизматрасонии соҳаи нақлиёт, иҷтимоиёт муроҷиати шаҳрвандон ва ғайра суолгузорӣ шуд, ки ба онҳо Раиси шаҳри Хуҷанд посухҳои мушаххас пешниход кард.
Муфассалоти ин сӯҳбат дар шумораи ояндаи нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд «Сухани халқ» интишор хоҳад шуд.
Нашрияи нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд «Сухани халқ» яе аз бонуфузтарин газетаҳои кишвар маҳсуб ёфта бо теъдод бештар аз 9 ҳазор чоп мешавад.